Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Дар масири таърихи тӯлонии миллати мо навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла, гӯштингирӣ дар миёни мардуми фарҳангсолори тоҷик маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун василаи тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат кардааст.