International Gushtingiri Federation

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Announcements | 24 November, 2025


Солгарди навбатии Рӯзи Парчами давлати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон ва дӯстону пайвандони азизам сидқан шодбош гуфта, орзуи онро дорам, ки ливои давлати тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона, парафшонӣ намояд.

Парчам – шиносномаи миллат ва эҳтиром ба парчам эҳтиром ба миллат аст. Дар шароити кунунӣ, ки тафриқа миёни миллатҳо ба авҷи аълост, моро зарур аст, ки зери сояи як парчам, “Парчами миллӣ”, парчами шукӯҳманди Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз, муттаҳид шавем ва қудрати ҳифзи ватанро дошта бошем.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!