Бегиҷонзода Лоиқ
ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон 18-уми августи соли 1976 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1992 мактаби миёна, соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси “иқтисодчӣ-менеҷер” ва соли 2016 Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро бо ихтисоси “менеҷмент” бомуваффақият ба итмом расонидааст.
Соли 1996 дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шӯруъ карда, то соли 2006 дар ин самт бенуқсон ифои вазифа намудааст. Баъдан, солҳои 2006 то 2009 ба сифати “менеҷери маркази идораи захираҳо”, “муовини сардори Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ-”и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр”инчунин солҳои 2009 то 2016 дар вазифаҳои муовини сардори Хадамоти истеҳсолӣ- тиҷоратӣ ва “муовини директори генералии” Корхонаи воҳиди давлатии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” фаъолияти назаррас нишон дода, барои хизматҳои шоён дар соҳаи авиатсияи гражданӣ 15-уми августи соли 2019 бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардидааст.
Соли 2016 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таъин гардида, то ин дам дар самти мазкур фаъолияти густурда дорад.